Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба ноҳия беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда харидорӣ гардида, қисмате аз онҳо дар бӯстонсарои ҳукумати ноҳия ва қисмати дигар дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон шинонида мешаванд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини сартосарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озоди нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар ноҳияи Масчоҳ беш аз 4000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
Добавить комментарий