Дар толори факултети молия ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар доираи «Ҳафтаи кафедраи забони русӣ - 2024» чорабинии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои экологии замони муосир ва муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон» баргузор гардид. Тибқи дархости Раёсати факултети молия ва андози донишгоҳи мазкур барои мақсаднок гузаронидани вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодон намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иштирок намуд. Дар маҷмӯъ, дар чорабинӣ беш аз 60 нафар донишҷӯёни курси 1 ва 2-и ихтисосҳои вобаста ба ҳуқуқшиносӣ ва дигар, инчунин 10 нафар устодон иштирок дошта, дар давоми ду соат ҳам бо забони давлатӣ ва ҳам бо забони русӣ ба онҳо дар бораи мақсади эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд карда шуд, омилу сабабҳои эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муаммоҳои ҷаҳонии экологии замони муосир, муҳимияти қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он, муаммоҳои мубрами экологӣ дар самтҳои ҳифзи муҳити зист ва боз як қатор маълумоти вобаста ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумот пешниҳод гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо донишҷўён саволу ҷавоб ба миён омада, инчунин ба саволҳои устодон ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Дар интиҳо бо пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва экосистемаҳои табиӣ, аҳамияти хоса пайдо кардани муаммоҳои аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот, бо мақсади истифода дар омӯзиши фанни вобаста ба экология аз ҷониби донишҷӯёни курси якум, ба кафедраи забони русии факултети молия ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сарраёсат тақдим гардид.