Дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаҳои экологӣ, 15 май – Рӯзи байналмилалии иқлим ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бо иштироки намояндаи сарраёсат, устодону донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиат маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет ва мудири кафедра баромад намуда, инчунин дар рафти маҳфил презентатсияи муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар мавзӯи «Ҳифзи гуногуншаклии биологӣ кафили амнияти экологӣ» пешкаши иштирокдорон гардид. Тибқи даъват сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар маҳфили илмии мазкур иштирок карда, дар бораи қабули Рӯзи байналмилалии иқлим ва Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар ин самтҳо, таъсири манфии гармшавии иқлим, пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об, олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои бо муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вобаста баромад намуд.
Ҳамзамон, дар байни ду даста - донишҷӯёни ихтисоси «экологияи умумӣ» ва «экологияи кишоварзӣ» викторина таҳти унвони «Табиатшинос» ба амал омада, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ва мудири кафедра ҷиҳати муайян намудани ғолиби викторина ба ҷавобҳои дастаҳо баҳогузорӣ карда шуд. Дар интиҳои чорабинӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби рӯзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» ва минбаъд зиёд намудани теъдоди обунашавандагон иштирокчиён бо рӯзнома шинос гардида, аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» 4 адад нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.