Дар маҳаллаи Ҷ.Зарипови ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод бо иштироки беш аз 80 нафар ҷавонон ва сокинони маҳалла, аз ҷумла аъзоёни раванди «Нозирони сабз»-и муассисаҳои таълимӣ бо мақсади тоза намудани қадди роҳ аз партовҳо аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо дархости раиси ноҳия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ташкил гардида, инчунин кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва намояндаи идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Иштирокдорон бо халта ва дастпӯшак таъмин гардида, дар натиҷа 2,4 метри мукааб партов ҷамъоварӣ карда шуд ва бо воситаи нақлиёти партовкашонӣ ба партовгоҳи ноҳия интиқол гардид. Ҳамчунин, дар рафти аксия бо ҷавонон ва аъзоёни «Нозирони сабз» бо мақсади баланд бардоштани дониши экологӣ саволу ҷавоб бо намуди викторина аз ҷониби намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.