Ваҳдат

Санаи 23 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат тибқи нақшаи кори ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати милли ва Соли ҷавонон, бо кормандони Раёсат – мутахассисони ҷавон вохӯрии намояндаи КИ ХХДТ дар ш.Хуҷанд, сармуҳаррири рӯзномаи “Маърифати хукуки”, доктори илмхои иктисоди, устоди Донишкадаи иктисод ва савдо Азимов А.Ч. баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби маърӯзачи  оид ба корномаҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарории сулҳу субот ибрози назар карда шуда, оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагиҳо ба ин санаи фархунда, дастовардҳо дар Соли ҷавонон ва амсоли инҳо андешаронӣ сурат гирифт.

Дар идомаи мулоқот қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагонии шаҳрвандон ва кам намудани хароҷотҳои гуногун даҳ сол қабл дар кишвар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ қабул гашта, боиси боло рафтани некӯаҳволии мардум гардид. Хамзамон дар рафти мулокот бо иштирокчиён музокира сурат гирифт.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.