Баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома доранд. Бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳрак ва деҳот баргузории аксияҳои экологӣ ташкил гардида, дар баробари корҳои бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, тоза намудани минтақаҳои аҳолинишин, ҷӯборҳо ва қаддӣ шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар амалӣ гардида истодааст. Дар давоми қариб як моҳи ахир дар ҳудуди шаҳр танҳо намуди ниҳолҳои дарахтони санавбар 1700 бех шинонида шудааст. Ҳангоми иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби муовини сардор ва мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғдба шахсони масъули шаҳри Истаравшан ҷиҳати таъминот бо оби полезӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо дар мавсими чорвогузар супоришҳо дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирии партофтани партов аз нақлиёти ҳаракаткунанда ва пешгирии ифлосшавии шафати шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ 8 адад лавҳаи дутарафа бо навиштаҷоти «Ронандагони муҳтарам! Ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳои экологиро риоя намоед!» дар минтақаи шоҳроҳ, аз даромад то баромади шаҳри Истаравшан насб гардидааст.