Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат давоми 15 соли ахир санаи 24–уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида шуда, ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парфишонӣ карда, аз мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик башорат медиҳад. Рӯзи Парчами давлатиро ба кормандону мутахассисон, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми дӯстдорони табиат табрику муборакбод гуфта, итминон дорам, ки бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Сӯҳроб Хол ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Добавить комментарий