Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист, татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., шахсони масъул ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаи Дараи сабз (ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист) маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ниҳолхона 4 бех арчаи ҳамешасабз санавбари крими (крымская сосна), шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ҳамагӣ 610 бех арчаи ҳамешасабзи сановбар шинонида шуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати экологӣ, таъмини рушди иқтисоди сабз, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва таъмини сартосарии амнияти экологии аҳолӣ сарчашма мегирад. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани парвариши ниҳолҳо ва истеҳсоли мевагиҳо, инчунин тозаву озоди нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.