Академияи зимистонаи «Ҳаво» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид

 Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Академияи зимистонаи «Ҳаво»» баргузор гардид. Академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» WinterAcademy ин лагери омӯзишии 5-руза буда, ба мавзӯи мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он нигаронида шуд. Иштирокчиёни академия 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони ВАО, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мебошанд, ки дар асоси озмун интхоб карда шудаанд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.

  Дар кори академияи мазкур мутахассисони ботаҷриба – сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М., директори Маркази обуҳавосанҷии вилоят Ҳомитов А.Ш., устодони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон Ҳоҷибоев Д. ва Ҳоҷиев С., профессори донишгоҳи Вашингтон дар шаҳри Сент-Луиси ИМА доктор Ҷей Тёрнер, табиб - мутахассис Кейл Лоулор, инчунин тренерону мутахассисони ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/YGPE иштирок намуданд. Академия барои азхудкунӣ ва такмили малакаҳои назариявию амалӣ дар самти мониторинги сифати ҳавои атмосфера, таҳияи корҳои таҳқиқотӣ, инчунин таҳия ва рушди барномаҳои махсуси ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти сифати ҳаво имконияти хубро ба миён овард. Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими нақши мутахассисони ҷавон дар пешбурди мониторинги сифати ҳаво дар Тоҷикистон» аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф"/YGPE бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.