Таъсиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо

  Дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт. Ин иқдом дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳандозӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода А.И. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Т.Султонӣ иштирок намуда, ифтитоҳи Маркази мазкурро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсироти тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд унвон намуданд.

  Роҳбари Марказ, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, доктори илмҳои география Раҳимов А. таъкид дошт, ки фаъолияти Марказ аз рӯйи самтҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, дар доираи он гузаронидани тадқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, омӯзиши таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон, ташкили семинарҳо, тренингҳо ва конфронсҳо дар мавзуъҳои марбут ба иқлим ва пиряхҳо амалӣ хоҳанд шуд. Маврид ба таъкид аст, ки таъсиси чунин Марказ қадами муҳим дар самти ҳифзи табиати кишвар ва рушди илмҳои экологияву иқлимшиносӣ, тавсеаи ҷараёни илмӣ – таҳқиқотии мушкилотҳои геоэкологӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигаргуншавии экосистемаҳои табиӣ маҳсуб мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.