Санаи 10 июли соли равон соати 9.00 дар бинои Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.
Дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма, хабарнигорони телевизионҳои «Тоҷикистон», ШТР СМ-1, ШТР «Азия», ТВ «Диёр», ТВ «Танин», ТВ «7 ситора», рӯзномаҳои «Хақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Тирози ҷаҳон», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», «Тоҷикистон» , оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» ва «Азия-плюс», радиои «Озодӣ», радиои «Садои Хуҷанд» радиои «Тоҷикистон» иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи якуми соли 2017 дастрас гардид.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба тақсимоти заминҳои ҷазираҳои Сирдарё бо мақсади истифодаи кишоварзӣ ва расонидани зарар ба олами наботот ва ҳайвоноти минтақаи мазкур, ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва андешидани чораҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳолати партовгоҳи деҳаи Канапаи н.Айнӣ саволҳо дода, посухҳои муфассал гирифтанд.