Иштироки Сулаймон Зиёзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

 Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва ҳайати ҳамроҳонашон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия баргузор гардид, иштирок намуданд. Маъракаи мазкур бо мақсади беҳтар кардани муҳити зист, рушди фазои сабз ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақаи Мастчоҳ баргузор гашт. Хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади парвариши ниҳолҳои гуногуни ба иқлими минтақа мутобиқ ташкил карда шудааст. Масоҳати умумии хоҷагӣ 5 гектарро ташкил дода, тибқи нақша дар ин минтақа беш аз 200 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ шинонида мешаванд. Ин иқдом ба беҳтар намудани муҳити зист ва баланд бардоштани сифати ҳаво дар минтақа мусоидат мекунад, ки мувофиқ бо дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарғиби фарҳанги экологии кишвар ва пешгирӣ аз тағйироти манфии иқлим аст.

  Сулаймон Зиёзода зимни иштирок дар ниҳолшинонӣ таъкид намуд, ки “кабудизоркунӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Шинондани ниҳолҳо на танҳо барои беҳбудии муҳити зист, балки барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ нақши муҳим дорад”. Ҳамчунин, муовини сарвазир ба масъулин дастур дод, ки дар парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда диққати махсус диҳанд. “Мо бояд ҳамкории дастаҷамъонаро барои татбиқи пурраи барномаҳои кабудизоркунӣ таъмин намоем”, – илова намуд ӯ. Чорабинӣ бо иштироки васеи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ сурат гирифт. Ҳадафи асосии ин маърака на танҳо шинондани дарахтон, балки тарғиби фарҳанги ҳифзи муҳити зист ва ҷалби бештари мардум ба иқдомҳои сабз мебошад.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Скачано с веб-сайта JooMix.org.