Ҳангоми гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол, бахшида ба 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим дар толори МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол» вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо донишҷӯёну омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид. Чорабинии иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва пешниҳоди маълумот дар бораи ин санаи муҳими экологӣ дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ташкил карда шуд. Дар баробари ин, рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат маълумот доир ба тағйирёбӣ ва гармшавии глобалии иқлим, рушди «иқтисоди сабз» ва «энергияи сабз», муаммоҳои ҷаҳонӣ дар таъмини аҳолӣ бо оби нушокӣ, ифлос шудани таркиби ҳавои атмосфера, партовҳои паластикӣ, олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муҳимияти болоравии сатҳи маърифати экологии ҷавонон пешниҳод гардид.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба китобхонаи МДТ «Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол» ду ҷилд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи иттилоотӣ аз номи сарраёсат тақдим карда шуд.