Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа

  Дар арафаи баргузории якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирьяхҳо, ба ифтихори эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ зери унвони «Ҳифзи пирьяхҳо кафолати рушди устувори экологии ҷомеа»  доир гардид. Дар  он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Ф., доктори илмҳои география, профессори кафедраи геоэкология ва методикаи таълими  МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров» ҳамзамон роҳбари Маркази омӯзиши  тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо - Раҳимов А.,  омӯзгорони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мисиров А. ва Шарифхоҷаев И.И., сардори Маркази обуҳавосанҷӣ дар вилояти Суғд Ҳомидов А., намояндаи  Раёсати беҳдошти замин  ва обёрӣ дар вилояти Суғд Султонов А., муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Хуҷандобуканали” ш.Хуҷанд Ахмедов А. ва кормандони сарраёсат иштирок доштанд.

 Дар ҷараёни семинар доир ба  ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва пирьях, мониторинги ҳолати имрӯзаи пирьяхҳои Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии иқлим, вазъи муосири олудашавии манбаҳои обӣ ва нақши иншоотҳои ғайримутамаркази партовобтозанамоӣ, пиряхҳои Тоҷикистон - манбаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ  баромадҳо шунида шуданд. Дар интиҳои чорабинӣ барои ҳамкории доимии судманд, иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва факултети геоэкология ва туризми ҳамин Донишгоҳ, Маркази омӯзиши  тағйирёбии иқлим ва пирьяхҳо ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Китоби Сурхи  Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.