Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш., кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, собиқадорони соҳа баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев А.Ш. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар зиёда аз 130 давлат ботантана қайд карда мешавад. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои экологӣ пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Сипас намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев А.Ш. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С. Х. кормандони фаъолро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ намуданд. Дар рафти чорабинӣ роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Ашӯрализода Б. номаи шодбошии раиси ноҳияи Спитаменро ироа карда, қайд намуд, ки саҳми кормандони соҳа ҷиҳати беҳтар намудани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии кишвар ва ҳифзи захираҳои табиӣ басо назаррас мебошад. Собиқадорони соҳа Султонов А.А. ва Каримов Г.Н. суханронӣ намуда барои мутахассисони ҷавони сарраёсат дар иҷрои вазифаи пурмасъул барору комёбӣ таманно намуданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд барои гирифтани ҷойҳои намоён ва иштироки фаъолона дар намоиш - озмун аз рӯи чор номинатсия «Расми беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин», «Гӯшаи зинда» ва «Гулҳои ороишӣ» соҳиби диплом ва туҳфаҳо гардиданд.