Дар толори меҳмонхонаи «Суғдиёни» шаҳри Хуҷанд бо мақсади таваҷҷӯҳ ба ҳамкории минтақавӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи ҳамоҳангсозии марказҳои Орхус ва ҷонибҳои манфиатдор баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур дар доираи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ» (Марҳилаи III) ташкил гардида, ҳадафи лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бар асос ва дастгирии ҳаллӣ масъалаҳои ҳассос ба ҷанбаҳои гендерӣ оид ба хатарҳои эҳтимолӣ ба аҳолии ҷамоати маҳалҳо дар маконҳои мероси уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст.
Давоми ду рӯз дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, мушовири рушди минтақавии САҲА, мудири шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятии Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири бахши ҳамкории делегатсияи Иттифоқи Аврупо дар Ӯзбекистон, роҳбарони Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек, сардори шуъбаи иқтисодӣ ва экологии ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар шаҳри Тошканд, машваратчиёни миллии САҲА оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, роҳбари Маркази Орхус дар шаҳри Ош ва менеҷери Маркази итиилоотию экологии шаҳри Майлуу-Сууи Ҷумҳурии Қирғизистон, раиси Федератсияи сайёҳии варзишӣ ва экологӣ ва сардори озмоишгоҳи илмӣ - тадқиқотии радиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳӣ, баромадҳо ва саволу ҷавоб ба амал омада, дар интиҳои ҷаласа байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Орхус дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи сайёҳии варзишӣ ва экологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон«Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025 – 2027» ба имзо расид. Боиси қайд аст, ки давоми сафар меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон бо ҷойҳо ва иншоотҳои фарҳангию таърихии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистони вилояти Суғд аз наздик шинос шудаанд. Бо иштироки намояндагони сарраёсат, Бохтар ва шараки Ғарми ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма сессияи иттилоотӣ доир ба амнияти биологӣ, Конвенсияи Орхус ва иловаи дар шаҳри Алма - атои Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шуда, Дар рафти ҷамъомад мутобии барномаи сессияи мазкур баромаду презентатсияҳои гуногун доир ба мавзӯъ шунида шуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, инъикоси маълумоти экологӣ, ҳамкории доимии судманд ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳол таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон бо мақсади ворид намудани онҳо ба нақшаи кории ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2025 муҳокима карда шуд. Вохӯрии иттилоотии мазкур мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» доир гардид.