Сайди ғайриқонунии парандаи саъба дар шаҳри Панҷакент

  Ҳангоми  гузаронидани  амалиётҳои назорати давлатӣ, ҷиҳати иҷрои талаботҳои  қонунҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот дар шаҳри Панҷакент аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат бо якҷоягии нозирони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар минтақаи дашти Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ ҳолати сайди ғайриқонунии парандаҳои саъба ошкор карда шуд. Дар натиҷа нисбати 2 нафар сокинони шаҳри Истаравшан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  барои расонидани зарар ба олами ҳайвонот маблағи зарар пешниҳод гардид. Саъбаҳои сайдшуда дар ҳузури қонуншиканҳо ба муҳити табиӣ  сар дода шуд. Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир қонуншиканҳо сайди ғайриқонунии  худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда истодаанд, ки боиси дар байни ҷомеа тарғиб намудани рафтори ғайриқонуниашон ва зарар ба  табиат мебошад. Аз инрӯ аз шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз ҷой намудани ин гуна  наворҳо худдорӣ намоянд ва ба шикори ғайриқонунии парандагон роҳ надиҳанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.