Д
ар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва рушди низоми кабудизоркунӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Раиси шаҳри Конибодом Зоҳидзода Даврон аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри мазкур боздид намуданд. Ниҳолхона дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн карда, яке аз пойгоҳҳои муҳими таъминоти ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар он парвариши санавбар, кипарис, можжевельник, дуб, каталпа, акасия ва сафедор ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ниҳолхона зиёда аз 51 ҳазор бех ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва ҳамешасабз парвариш меёбанд, ки барои таъмини маъракаҳои кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо равона карда мешаванд. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсол ва нигоҳубини ниҳолҳо таъкид гардид, ки рушди чунин хоҷагиҳои соҳавӣ заминаи устувор барои татбиқи барномаҳои давлатии сабзгардонӣ ва беҳтарсозии вазъи экологии кишвар фароҳам меорад. Ҳамзамон, дар идомаи тадбирҳои амалии ободониву кабудизоркунӣ дар канори роҳи Конибодом–Хуҷанд 200 бех ниҳоли кипарис ва санавбар шинонида шуд. Тибқи нақша, дар маҷмӯъ дар ин қитъаи роҳ шинонидани 2700 бех ниҳол пешбинӣ гардидааст, ки ба беҳдошти манзараи роҳ, коҳиши таъсири омилҳои манфии муҳити зист ва ташаккули фазои сабзи муосир мусоидат хоҳад кард.
Тақвияти фаъолияти ниҳолпарварӣ дар шаҳри Конибодом
Добавить комментарий


