22 май - Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ «Дар сатҳи маҳаллӣ амал мекунем — барои таъсири глобалӣ» мавзӯи рӯз дар соли 2026

  Тоҷикистон кишварест, ки дар он ҳазорон намуди растаниҳо ва ҳайвонот мавҷуданд. Гуногунии биологӣ ин гуногунии тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳои гуногун, маълумоти генетикии онҳо ва экосистемаи онҳо мебошад. Гуногунии биологӣ захираҳои асосии фаъолияти устувори ҳаётан муҳимро таъмин менамояд. Ҳарчанд мафҳуми мазкур, яъне гуногунии биологӣ аз соли 1985 инҷониб истифода мешавад, аммо талафоти азими глобалии гуногунии биологӣ, ки ҳоло ба назар мерасанд, инъикоси бӯҳроне мебошанд, ки ба тағйирёбии иқлим баробаранд ё эҳтимолан аз он ҳам зиёдтаранд. Дар тамоми дунё барои ҳифзи табиат ва поймол нашудани он мубориза мебаранд, аммо дар қисмати камшумори он барои ҳифзи гуногунии биологӣ, захираи тухмиҳои нодири ба ҳар як маҳал мувофиқ ҷамъоварӣ ва муҳофизат карда мешавад. Гуногунии биологӣ дар ҷаҳон ба як барномаи махсус ниёз дошта, ин кор бо ташаббуси Барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ оғоз ёфта буд. 22 майи соли 1992 дар Конференсияи СММ доир ба муҳити зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул гардид. Имрӯз 188 кишвар аъзои ин Конвенсия мебошанд. Ҳадафи асосии Конвенсия – дар сатҳи генетикӣ, намудӣ ва экосистемагӣ нигоҳдории гуногунии биологӣ мебошад.

  Конвенсия эълон намуд, ки ҳамаи кишварҳо барои истифодаи захираҳои генетикӣ ҳуқуқҳои баробар дошта, ҳамзамон масъулияти нигоҳдории захираҳои биологӣ ва устуворона истифодабарии захираҳои биологӣ дар ҳудуди ваколатҳои миллии ҳуқуқӣ бар дӯши онҳост.Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда, ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.Вазифаи асосии Рӯзи гуногунии биологӣ – ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти бебозгашт нобуд гаштани намудҳои гуногуни набототу ҳайвонот дар рӯи Замин мебошад. Яке аз усулҳои асосии нигоҳдории гуногунии ҳаёт дар сайёра – муҳофизат кардани намудҳои гуногуни набототу ҳайвоноти нодиру камшумор маҳсуб меёбад. Тибқи ҳисобу китоби коршиносон ҳамарӯза дар рӯи Замин даҳҳо навъи флора ва фауна аз байн мераванд. «Дар сатҳи маҳаллӣ амал мекунем — барои таъсири глобалӣ» - шиори Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ дар соли 2026 мебошад. Ин шиор ба ҳар як фард ва ҷомеа хотиррасон мекунад, ки ҳифзи табиат ва барқарорсозии экосистемаҳои нодир аз ташаббусҳои хурди маҳаллӣ оғоз меёбад. Ба фавоид ва захираҳои экосистемаҳо на танҳо насли мо, балки наслҳои минбаъда низ ниёз доранд. Ҳар яки мо бояд арзиши баланди гуногунии биологиро дарк намуда, роҳу усулҳои ҳифзи онро азхуд карда бошем ва аз неъматҳое, ки табиат ба мо медиҳад, оқилона ва масъулиятшиносона истифода барем. Арзиши гуногунии биологиро бояд ҳама ба таври возеҳ дарк намояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.