Насби баннерҳои таблиғотии экологӣ дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги муносибат ба муҳити зист ва пешгирии ифлосшавии  минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ин тадбирҳо дар роҳҳои  даромад ва  баромад аз ш.Конибодом (аз сарҳади Ўзбекистон) деҳаҳои Патар ва Равот лавҳаҳои таблиғотии экологӣ насб гардида, тавассути онҳо аҳолӣ ва меҳмонони шаҳр ба риояи тозагӣ, пешгирии партофтани партовҳо дар роҳҳои протоколӣ ва шоҳроҳҳо даъват карда мешаванд. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар бинои бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом  баннери  ташвиқотӣ насб  гардид. Тадбирҳои мазкур ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳифзи табиат, тозагӣ ва ободонии муҳити зист равона гардидаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.