Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Исфара

 Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, инчунин донишҷўёни Донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони раёсати маорифи шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, ифлосшавии ҳавои атмосфера, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.

     Ҳамчунин, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар бораи сайёҳон ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ибрози ақида карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи раёсати маорифи шаҳр 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳои экологӣ аз чониби намояндаи раёсат тақдим гардид. Дар баробари ин, ба маорифчиёни шаҳр барои обунашавӣ ба нашрияҳои Кумита - рўзномаи "Инсон ва табиат" ва маҷаллаи "Ҳифзи табиат" тавсия дода шуд. Боиси қайд аст, ки дар вхўрӣ намояндагони рўзномаи "Насими Исфара" ва "Телевизиони Исфара" иштирок карда, барои ба чоп расидани маводи иттилоотӣ ва пахши гузориш дар бораи вохўрии мазкур корбарӣ менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.