Табрики рўзномаи вилоятӣ

Дар соли равон рўзномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Согдийская правда» ҷашни 85-солагиро қайд менамояд. Дар давоми 20 соли охир ҳамкории байни мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва рўзномаи мазкур зич роҳандозӣ гардида, барои иттилоотонидани мардуми вилоят ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон саҳми арзанда дорад. Ҳангоми ҳамкории судманд дар ин давра якҷоя бо редаксияи рўзнома ва дигар ташкилоти ғайридавлатӣ озмунҳо байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, озмунҳои экожурналистика, аксияҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои экологӣ баргузор гардида буд. Дар айни замон низ маводҳои экологӣ ва мақолаҳои ҷиҳати баланд бардоштани донишу тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ ба чоп расонида мешаванд.

     Бо истифода аз фурсати муносиб пеш аз оғози семинари минтақавӣ дар шаҳри Хучанд санаи 11 октябри соли ҷорӣ, намояндамуовини сармуҳаррир ҚосимовФ. ба муносибати ҷашни 85-солагии рўзнома аз номи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҳамаи иштирокдорон табрик гардида, ба редаксия ду ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон тақдим карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.