Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзўр намудани назорат оиди кам намудани партови моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт, даршоҳроҳи Б.Ғафуров – Хуҷанд санаи 2 феврал рейди фаврӣ гузаронид.
Мутахассисони шўъбаҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, назорати таҳлилии Раёсат, кормандони шўъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологӣ, 60 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногунро аз ташхиси аналитикӣ ҷиҳати риояи меъёри стандартҳои давлатӣ гузарониданд. Дар рафти амалиёт миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба фазои атмосфера дар натиҷаи сўхтани сўзишворӣ (дизел, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 10 адад воситаҳои нақлиёт меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО ва дуд) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд.
Барои риоя накардани талаботи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» нисбати ронандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чора андешидан ба БДА-и шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд.
Баргузории чунин амалиётҳо давоми соли равон дар миқёси вилоят ба нақша гирифта шудааст.