Аксия дар шаҳри Хуҷанд

Санаи 12.10.2019 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Навбаҳори (34 мкр.) аксияи «Тозагии муҳити зист» ташкил ва гузаронида шуд. Ба аксия 200 нафар кормандони таваллудхонаи шаҳрӣ, 20 нафар мураббиёникўдакистони №27 ва 40 нафар табибони беморхонаи микроҷарроҳии чашм ҷалб гардида, дар ободу тоза намудани минтақаҳои ҳудуди муассисаҳои хеш саҳми худро гузошта, партовҳоро дар мавзеъи муайянгардида ҷамъ намуданд. Бояд қайд намуд, ки мутаассифона солҳои охир таъсири инсон ба вайронкунии муҳити зист эҳсос мешавад. Бераҳмона муносибат кардани шаҳрвандон ба муҳити зист ва фаъолияти худ ба мушоҳида мерасад. Риоя нашудани талаботи қонунгузории мақомоти ҳифзи муҳити зист боиси он мегардад, ки атроф ҳолати ҳузнангезро фаро гирад ва омили пайдошавии ҳар гуна бемориҳо шавад.

     Дар тозанигоҳ доштану ҳифз кардани табиат ҳамагон муваззафанд ва набояд бе тараф истанд. Дар маҷмуъ, дар аксияи баргузор гардида беш аз 380 нафар, аз он ҷумла аҳолӣ иштирок карда, 2 км селроҳа, 380 метр ҷуйбор тоза гардид ва 11,2 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.