Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар вилояти Суғд

Санаи 18 октябри соли 2019 дар дар «Қасри фарҳанг»-и ноҳияи Зафаробод аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Суғд  бо иштироки мақомоти ҳифзи муҳити зист дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳои шаҳру ноҳияҳо намоиши «Тирамоҳи заррин» - озмуни вилоятӣ бахшида ба Иди «Меҳргон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ 15 адад муассисаҳои таълимӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, дар мавзўъҳои экологӣ рефарат, саволу ҷавоб ва намоиш пешкаши аъзоёни ҳакамон ва иштирокчиёну тамошобинон гардид. Ҳамзамон дар рафти озмун – намоиш аз ҷониби хонандагони мактабҳо саҳначаҳо бахшида ба ҳифзи табиат, викторина ва барномаи консертӣ барои иштирокчиён пешниҳод карда шуд. Дар озмун - намоиш ҷой авввал насиби маорифчиён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ноҳияҳои Зафаробод, Деваштич ва шаҳри Панҷакент, ҷойи сеюм шаҳрҳои Исфара ва Конибодом гардид.

     Дар охири чорабинӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол тақдим карда шуд. Боиси қайд аст, ки ҳар сол чун анъана дар озмун - намоиши «Тирамоҳи заррин»-и вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳамчун аъзои ҳакамон фаъолона ширкат меварзанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.