Вохӯрӣ бо хонандагони литсейи шаҳри Хуҷанд

Мувофиқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии ҷавонон, санаи 22.01.2020 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд» вохўрӣ бо хонандагону омўзгорон доир гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори литсейи мазкур баромад намуда, оид ба масъалаҳои зарурияти тарбия ва маърифати экологии ҷавонон, корҳои аз ҷониби муассиса доир ба ҳифзи муҳити зист иҷро мегардида изҳори ақида намуд.

     Дар навбати худ, аз тарафи намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26.12.2019 баён гардидаанд, вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои экологӣ, дар бораи Барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, истифодабарии оқилонаи об, ҳифзи ҳавои атмосфера, газҳои гулхонаӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим,  пиряхҳо, чораҷўиҳо барои ҷойгиронии гайрирасмии партовҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумхурии Тоҷикистон, парандаи соли 2020, нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ баромад пешкаши иштирокчиён гардид. Дар рафти вохўрӣ аз тарафи омўзгорон ва хонандагон оид ба расман ҷорӣ намудани дарс аз фанни экология дар литсейҳо ва дастрас намудани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.