Санаи 4 март дар маҷлисгоҳи Раёсат вохӯрии мутахассисони ҷавон, таҷрибаомӯзони факултаи геоэкологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ки дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят таҷриба меомӯзанд, бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Ӯрунбоева М. ва ҷонишини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, фаҳмондадиҳии аҳамияту арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу суббот, тарғибу ташвиқи дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор намудани корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, шинонидани гулу буттаҳо, иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо оиди сазовор истиқбол гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон ҳуқуқшиноси Раёсат оид ба фаҳмонида додани мақсади ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ бо донишҷӯён бобати масъалаҳои дар боло зикргардида музокира сурат гирифт.