Замин – кафили амнияти озуқаворӣ

Санаи 22 апрел дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бахшида ба Рўзи умумичаҳонии замин семинар – машварати минтақавӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар – машварати мазкур ба ғайр аз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва устодону донишҷўёни донишгоҳ, олимон аз Маркази хокшиносию мелиоративии Институти хокшиносии Точикистон дар вилоят ва филиали Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Точикистон дар вилояти Суғд, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар оғози семинар суханҳои ифтитоҳии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи донишгоҳ шунида шуд.

Минбаъд, мувофиқи барномаи чорабинӣ баромадҳо дар мавзўи «Роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд», «Истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он», «Имкониятҳои парвариши боғҳои интенсивӣ дар Точикистони Шимолӣ» ва «Муаммоҳои муосири экологии сайёра ва роҳҳои ҳалли он» пешкаши иштирокдорон гардид. Дар қисмати муҳокимаи маърўзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб ба амал омада, ба саволҳои иштирокчиён маълумоти машаххас дода шуд.

Боиси қайд аст, ки чорабинии мазкур тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии «Ҷаҳоннамо», «Вилояти Суғд» ва рўзномаи «Маърифати ҳуқуқӣ» инъикос гардид.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/ru/news/551-zaminkafiliamniyatiozukavori042020.html#sigProGalleria5db69f761e
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.