Мавзеъи Чилдухтарон аз ноҳия 56 км роҳро ташкил намуда, дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷойгир мебошад. Деҳаи Метк таърихи чандҳазорсола дорад. Ба ин гуфтаҳо ашёҳо бо мурури замон аз атрофи деҳа ёфташуда ва мавзеъҳои таърихии он шаҳодат медиҳад. Бар замми ин Деҳаи Метк хеле зебоманзар буда, дар домани қаторкўҳҳои Туркистон ҷой гирифтааст. Рўдҳои кўҳии шўхоб чашмасорон, арчазорон ва кӯҳҳои сар ба афлокаш манзараи деҳаро зебою нотакрор гардонидааст.
Мавзеи Чилдухтарони деҳа диққати ҳар бинандаро тез ба худ ҷалб мекунад. Дар деҳаи Метк ду мавзеи Чилдухтарон мавҷуд буда, яке дар мавзеи Зандарон, дигаре дар мавзеи Бедук. Чилдухтарони Зандарон мавқеи асосӣ дошта, хеле диққатҷалбкунанда мебошад. Ба назар мерасад, ки гўё даҳҳо нафар занону кўдакон бор дар сарашон хатареро эҳсос намуда беҳаракат истодаанд. Оиди пайдоиши Чилдухтарон ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки аз замонҳои қадим, аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл то рўзҳои мо омада расидааст. Дар ҳама давру замон баробари шаҳрҳо деҳаҳои кӯҳистон низ мавриди тохтутозҳои ғоратгаронаи шоҳону амирону хонҳо қарор доштанд.
Ривояте мавҷуд аст, ки дар замони хеле қадим деҳаро як гурӯҳ, сипоҳиёни ғоратгар ишғол намуда мардуми деҳаро қатлу ғорат намудаанд. Чил нафар занону духтарони деҳа бо мақсади он ки ба дасти ғоратгарон наафтанд ва ба шарафу номусашон осебе нарасад деҳаро тарк намуда, дар мавзеи ҳозираи Чилдухтарон пинҳон мешаванд. Аммо ғоратгарон аз ин бохабар шуда, онҳоро таъқиб мекунанд. Дигар имконияти гурехтан ё пинҳон шудан намемонад. Занону духтарон ноилоҷ монда барои рањої ёфтан аз душман ба сўи Худованд меоранд. Онҳо дастаҷамъона ба сӯи Худованд илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба сангу хок табдил диҳад, то ки аз зулму асорат ва таҷовузи душманони ғоратгар наҷот ёбанд. Ҳамин дуои дастаҷамъонаи онҳо аз тарафи Худованд пазируфта мешавад ва 40 нафар занону духтарон ба санг табдил меёбанд. Ин ривоят далерию қаҳрамонӣ, сар нафаровардан ба душман, аз хизмати душманон дида, маргро афзал донистани занону духтарони деҳаро нишон медиҳад.
Ривояту афсонаҳои мардуми кӯҳистон тоҷик низ ифодагари саҳифаҳои қаҳрамонии таърихи гузаштагони мост.
Ба вуҷуд омадани Чилдухтарон ҳодисаи маъмули табиӣ аст. Мавзее, ки Чилдухтарони деҳа ҷой гирифтааст аз ҷинсҳои кӯҳӣ хеле сахти сурхтоб иборат аст, ки онро бо каланду чок ҳам кандан душвор аст. Ин ҳайкалҳои хурду калони одаммонанд дар натиҷаи боду борону обҳои барф ҷинсҳои мулоимро шуста рафтаанд. Ҷинсҳои сахт бошанд побарҷо монда, то ба имрӯз ба шаклҳои одаммонанд табдил ёфтаанд. Агар аниқтар мушоҳида кунед мебинед ин раванд ба таври хеле ноаён давом дорад. Солҳои тӯлонӣ баъзе ҳайкалҳои бо номи Чилдухтарон бодхӯрдаю обхӯрда шуда, нобуд гаштаанд ё шаклашон тағйир ёфтааст. Боз ҳайкалҳои нав ба вуҷуд омада истодаанд, ки ин раванди дурударози табиӣ мебошад.
Онҳое, ки аввалин маротиба ба деҳаи Метк барои сайру сайёҳат меоянд, пеш аз ҳама ба Чилдухтарон, ки аз деҳа хуб намоён аст, таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Мавзеи Чилдухтарон баробари дигар манзараҳои зебои деҳа барои меҳмонону бинандагон диққатҷалбкунанда буда, барои сайёҳатчиён низ ҷойи мувофиқ аст. Аз ин рў онҳое, ки ба сайёру сайёҳат шавқ доранд, метавонанд аз табиати зебои деҳаи Метк дидан кунанд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич