Санаи 26.10.2020 дар Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 – 2040 ҳафтаи илм, технология ва ихтирокории наврасону ҷавонони вилоят гузаронида шуда истодааст. Дар доираи ҳафтаи мазкур «Озмуни беҳтарин корҳои илмӣ - тадқиқотӣ» аз рўи 6 бахш, аз ҷумла бахши экология, ки ба он ҳамчун ҳакамон намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд даъват карда шуд, баргузор гардид. Дар маҷмуъ, дар озмун беш аз 100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки аз он 14 нафарашон дар бахши экология мубориза бурданд. Дар рафти озмун ҳар як кори илмӣ – тадқиқотии хонанда омўхта ва гўш карда шуда, баҳогузорӣ гардид. Ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят хатогии ҳар як иштирокчӣ ислоҳ ва нисбати мавзўъҳои интихобшуда бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон маълумоти васеъ пешниҳод гардид.
Дар натиҷа ду ҷойи якум, ду ҷойи дуюм, ду ҷойи сеюм муайян карда шуд ва боқимонда хонандагон бо дипломи барои иштироки фаъол қадршиносӣ гардиданд. Ҳадафи роҳандозии иқдом дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, рушди қобилияти эҷодӣ ва малакаи ихтироъкории хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар самти илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ мебошад.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!
https://ecosugd.tj/ru/news/697-ozmunimaktabbachagondarmti112020.html#sigProGalleria700f52a3a8