Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена дар бораи нигаҳдории қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон” аз 2 ноябри соли 2015, № 643, санаи 1 июни соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки роҳбари Маркази миллии озони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов А. ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар роҳбари Марказ оиди вайроншавии қабати озон ва озони стратосферӣ, ба танзимдарории газҳои озонвайронкунанда, оқибатҳои вайроншавии қабати озон баромадҳо намуда, иштирокчиёнро бо Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба нигаҳдории қабати озони замин, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нигаҳдории қабати озони замин шинос намуд.
Дар рафти семинар иштирокчиён ба саволҳои худ оиди сабабҳои асосии вайроншавии озон, таъсири он ба муҳити зист ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.