Аксияи «Тозагии соҳил» дар н.Спитамен

 Бо икдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz) дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, дар сохили дарёи Оқсу, канали байнихоҷагӣ, сойи Оқсу, ҷамоати деҳоти Сарбанд бо иштироки 160 нафар сокинон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Иштирокчиёни аксия аз ҷониби Ташкилоти байналхалқӣ бо дастпӯшак ва халта барои партов-ҷамъкунӣ таъмин карда шуданд. Рафти аксия 2 км сой аз партовҳои ҳархела, алафҳои худрӯйи хушкшуда тоза карда шуда, партов ба миқдори 5 м3 ба партовгоҳ бароварда шуд.

    Ҳамчунин бо иштироки намояндагони Ташкилоти байнал-халқии«Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои обӣ» (giz), ташкилоти байналхалқии «Актед» намояндагони сохторҳои МИҲД ноҳия, идораи хоҷагии об семинар доир гардид. Рафти семинар дар бораи ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, аҳамият ва арзишнокии ҳавзаи Сирдарё ва дарёи Оқсу, масъалаи таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ ва бо ин васила ноил гардидан ба рушди устувор ва пешравии соҳаҳои хочагии халқ баромад карда шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/ru/news/717-aksiyaspitamen122020.html#sigProGalleria3ef8671fcb
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.