Ҳамасола Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол шоҳуқоб парандаи соли 2021 интихоб гардид. Шоҳуқоб яке аз калонтарин намуди парандагони оилаи лочинҳо ба шумор меравад. Ин парандаи соҳибчанголи пурқувват ва чолок дар баландиҳои зиёд ва гӯшаҳои дастнорас вомехӯрад. Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳуқоб дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ вомехӯрад. Дарозии бадани шоҳуқоб беш аз 95 см ва дарозии болҳои он то 2,5 м-ро ташкил медиҳад. Вазни ҷинсҳои модина то ба 7 кг ва ҷинсҳои нарина то ба 4,6 кг мерасад.
Узви биноии шоҳуқоб хеле хуб инкишоф ёфтааст. Вай метавонад тўъмаи худро дар масофаи то 4 км мушоҳида намояд. Шоҳуқоб метавонад дар баландиҳои зиёд парвоз намояд, ки парандагони дигар чунин қобилиятро надоранд. Суръати парвози он ҳангоми таъқиби тӯъма то ба 300 км дар як соат мерасад. Шоҳуқоб парандаи ниҳоят пурқувват мебошад ва онро чун парандаи соҳибчангол барои сайди заргӯш, дуғдоғ, мурғи ҳилол ва кабк истифода мебаранд. Шоҳуқоб дар ҷойҳои дастнорас лона мегузорад ва он мавзеи лонагузориро солҳои тӯлонӣ истифода мебарад. Таркиби ғизои шоҳуқоб хеле гуногун аст. Ба таркиби ғизои он кабк, кабӯтар, мурғи ҳилол, суғур, заргӯш, рӯбоҳ, сангпушт, фардҳои ҷавон ва заифи ширхӯрони сумдори кӯҳӣ, аз қабили нахчир, бузи пармашох ва ғурм дохил мешаванд. Баъзан шоҳуқоб ҳайвоноти калонҷуссаеро сайд мекунад, ки вазни онҳо аз вазни ин паранда хеле зиёд аст. Шоҳуқоб дар табиат 25-30 сол зиндагӣ мекунад. Шоҳуқоб дар ҳудуди Тоҷикистон паҳншавии васеъ дорад, аммо онро парандаи муқаррарӣ ҳисобидан ҷоиз нест.Ин паранда ҳамчун намуди осебпазир ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст ва ба ғамхорию ҳифзи ҳамаҷониба аз тарафи инсон эҳтиёҷ дорад.