Санаи 10 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қурбонзода Азизулло баргузор гардид. Зимни баромад намояндаи Раёсати агентӣ қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан дар соли таърихӣ 30 –умин солгарди Истиқлолияти Ватани азизамон пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики доимии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар идома ибрози андеша гардид, ки Пешвои муаззами миллат муқовимат ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар ин замина таъкид намуданд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён гардид, ки Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва моро лозим аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ, ки дар Паём баён гардидаанд, аз он ҷумла рушди ҳамаи соҳаҳо, таъмини фазои солими ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум ҳамаи имкониятҳоро истифода барем.