Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон аксияҳои экологӣ ва дигар корҳои вобаста ба ободонию кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки беш аз 900 нафар намояндагони корхона, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолие, ки ҷойи истиқоматашон қадди роҳ мебошад гузаронида шуд. Дар рафти аксия корҳои асосӣ ба обод кардани ду канори роҳи протоколӣ бахшида шуда, дар натиҷа 1 км кӯча рӯбучин ва 1,6 км ҷӯйбор тоза гардида, инчунин 400 метр девори коргоҳу дигар биноҳои дар қадди роҳи протоколӣ мавҷуд буда сафед карда шуд. Ҳамзамон ба партовгоҳи ноҳиявӣ 3 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст. Дар баробари ин, дар қисмати Шаҳристон-сой, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон мегузарад аксияи «Тозагии соҳил» бо иштироки 200 нафар хонандагони мактабҳо, Литсейи касбӣ – ҳунарӣ ва мураббиёни муассисаи томактабӣ гузаронида шуд.
Дар натиҷаи баргузории аксия 3 км сойи мазкур аз 1,5 метри мукааб партовҳои истеъмолӣ тоза гардид. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳристон бо мақсади пешгирӣ аз ифлосшавии минтақаи аҳолинишин ва оби ҷӯйборҳо бо партовҳо лавҳаи огоҳӣ насб карда шудааст. Боиси қайд аст, ки дар доираи ин чорабиниҳо дар заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия бо иштироки намояндагони хоҷагиҳои инфиродӣ зиёда аз 2500 бех растании шифобахши хуч дар майдони 5 га шинонида шуд.