Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои он, вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар Боғи фарҳангии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Масчоҳ 6400 адад гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамчунин баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ободу зебо намудани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ дар назди бинои бахш гулҳои мавсимиву ороишӣ шинонида шуд.
Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия то айни замон 32620 бех гулу буттаҳои гуногун шинонида шудааст. Рафти маъракаи гулшинонӣ тариқи телевизиони ҷумҳуриявии «Ҷаҳоннамо» ба навор гирифта шуд.
Добавить комментарий