Санаи 22.04.2021 дар толори раёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари амалӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур кормандони шуъбаҳои раёсат ва мутахассисони ҷавони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок намуданд. Дар оғози семинар сухани ифтитоҳии муовини сардори раёсат шунида шуд. Минбаъд, мувофиқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби сардори шуъба ва сармутахассисони таҷрибадори раёсат баромадҳо дар мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд», «Истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он» ва «Ҳолати мелиоративии заминҳои корами шаҳри Исфара» пешкаши иштирокдорон гардид.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои пешгирии эрозия ва биёбоншавии замин, барқарорсозии хати муҳофизатии ҷангал ва корбарӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати расонидани зарар ба захираҳои замин ақидаҳо шунида шуд. Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб ба амал омада, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумоти мушаххас гирифтанд.