Ифтитоҳи мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят, табиатдӯстон ва сокинони маҳалла мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мағозаи мазкур бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдўстӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкил гардида, беш аз 25 намуди паранда, зиёда аз 50 намуди моҳичаҳо, 10 намуди гурба, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити лозимии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурўш гузошта шудааст.

 Дар мағоза ҳамчунин маводҳои хуроки парандаю ҳайвонот, ки истеҳсоли дохилӣ ва хориҷӣ мебошанд, ба фурўш гузошта шуда, барои нигоҳдории паранда ва ҳайвонот қафасҳои гуногун ва аквариумҳои муосир пешниҳоди харидорон гардидааст. Тамоми таҷҳизоти марбут ба нигоҳдорӣ ва истифодаи олами ҳайвонот дар мағоза мавҷуд мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят ба ғайр аз бозори паранда, ин сеюмин мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» мебошад, ки он ҷиҳати рушди тарбияи экологии насли наврас, дар онҳо ташаккул додани дӯстдорӣ ба табиат ва муносибати эҳтиёткорона нисбати олами ҳайвонот мусоидат менамояд. Имрўз дар Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор намуди олами ҳайвонот, ки аз ин 222 намудаш ҳайвоноти нодир, аз 9700 намуди олами наботот, ки 267 намуди олами набототи нодири ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва Китоби сурхи Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат дохил карда шудааст, мавҷуд аст.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/ru/news/887-zoomagazin052021.html#sigProGalleriaa6ac5b02ae
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.