Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобалии замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де–Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард. Муаммоҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ ва устуворона истифодабари он яке аз равандҳои баҳсу талош ва оштинопазирӣ дар конфронсҳои байналмиллалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, мунтазам конфронсҳои Байналмиллали гузаронида мешавад.
Нахустин конфроси байналмиллалӣ доир ба «Хусусиятҳои экологии гуногуни биологӣ» соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дуюмин соли 2002 дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе, сеюм соли 2007 дар шаҳри Хоруғ, чаҳорум соли 2011 дар ш. Кӯлоб, панҷум соли 2013 дар ш. Хуҷанд, шашум соли 2015 дар ш. Душанбе ва охирин соли 2017 дар ш. Курғон-Теппа ва дурнамоӣ шудааст, ки соли 2021 дар ш. Кӯлоб баргузор мегардад. Қайд кардан лозим аст, ки дар кори конфронсҳои гузаронидашуда бештар аз 1000 нафар олимон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Руссия ва дигар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуда дар баромадҳои худ ба масъалаҳои хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ, вазъи имрӯза, ҳифзу самаранок истифодабари захираҳои табиии олами набототу ҳайвонот, усулҳои ҳифз, афзун кардани захираҳои гуногунии биологӣ ва ғайраҳо аҳамияти ҷиддӣ доданд, ки он ба «Барномаи рушди инновасионии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» мувофиқат мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели 2011 таҳти №227 тасдиқ кардааст. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон омилҳои таъсиррасон ба олами гуногуни биологӣ баръало ба чашм мерасад. Шудгори мавзеъҳои бешазорҳо, доманаи кӯҳҳо, сохтмони роҳҳо, шаҳру шаҳракҳо, иншоотҳои нақли барқӣ, системаҳои коммуналӣ ва объёрӣ, рушди саноати истихроҷи маъдан ва ғайраҳо бешак таъсири номатлуби худро ба гуногунии биологии расонида истодаанд. Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистонамон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад. Дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемикӣ хеле зиёданд. Наздик 320 намуди растаниҳои гулдор (13% миқдори умумии наботот) танҳо дар вилояти Суғд ба назар мерасанд ва мавзеи паҳншавии онҳо аз ҳудуди вилоят намебароянд. Зиёда аз ин, дар вилояти Суғд олами гуногуни ҳайвонот макон гирифтааст, ки дар байни онҳо намудҳои нодир ва камёб ба монанди моҳии белбинии Сирдарёӣ аз қабили моҳиҳо, геккончаи зиреҳпӯш ва калтакалоси алои фарғонагӣ аз синфи хазандаҳо, лаклаки сафед ва тазарви Сирдарёӣ аз синфи парандаҳо, шомгардаки зардранг ва суғури Мензбир аз синфи ширхӯрон ва ғайраҳо сукунат доранд, ки аз гуногунрангии боигарии вилоятамон шаҳодат медиҳад. Дар рӯзи байналмиллали гуногунии биологӣ варақ задани китоби навэҷодшудаи нашри дувуми «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд», ки бо забони давлатӣ-тоҷикӣ ва русӣ ба тавсиб расидааст. Китоби мазкур дар зери муҳаририи умумии доктори илмҳои биологӣ, профессор Хабилов Т.Қ. саривақтӣ буда, дар он 142 намуди растаниҳо, аз онҳо 2 намуди занбӯруғ, 3 намуди ушнашакл, 4 намуди папоротник, 4 намуд обсабзаҳо, 5 намуд гулсангҳо, 124 намуд растаниҳои рагдори олӣ, инчунин 99 намуди ҳайвонот аз он ҷумла 18 намуди ҳайвоноти бемӯҳрадорон, 10 намуди моҳиҳо, 17 намуди ҳазандагон, 22 намуди парандаҳо, 32 намуди ширхӯрон дохил карда шудааст. Имрӯз замоне расидааст, ки инсоният бояд муносибати худро ба олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист куллан тағйир диҳад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои нигаҳдорӣ, ҳифзу оқилона истифодабарӣ, ғанӣ гардонидани захираҳои табиӣ, ки сарвати бебаҳо мебошад, барои мерос гузоштан ба наслҳои оянда саҳмгузор бошанд. Мо бояд тамоми олами гуногунии растанӣ ва ҳайвоноте, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд, таҳти назорати қатъӣ гирифта, онҳоро ҳифз намоем. Каримов Г.Н. – узви вобастаи Академияи миллии илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон