Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар назди марказҳои савдои – «Амид» ва «Оазис»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ташвиқотӣ оид ба иваз намудани халтаҳои полиэтиленӣ ба халтаҳои қоғазӣ ва латагӣ баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории аксия ин баланд бардоштани иттилоотнокӣ ва маърифати экологии шаҳрвандон баҳри беҳдошти муҳити зист ва пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба қоғазӣ, ки зарар ба муҳити зист надоранд. Аксияи «Мубориза бар зидди партовҳои пластикӣ» аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Сафӣ», ки дар доираи Лоиҳаи истеҳсол ва паҳни халтаҳои қоғазии табиии аз ҷиҳати экологӣ безарар, ҷалби табақаи осебпазир, аз ҷумла занон дар раванди истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойи корӣ корбарӣ менамояд, инчунин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид.
Ҳамчунин, ба чорабинии мазкур 30 нафар волонтёрон ҷалб гардида, дар баробари варақаҳои иттилоотии раёсат ва ташкилоти ҷамъиятӣ, зиёда аз 500 адад халтаҳои қоғазӣ ва аз матоъ дўхташуда ба шаҳрвандон тақсим карда шуд. Барои иттилоотонидани аҳолӣ дар аксия намояндагони васоити ахбори омма - намояндагони рўзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва вилояти Суғд, ШТР «СМ 1» ва «7-Ситора» иштирок доштанд.