Ҳанӯз 24 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Мардуми сарбаланди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.
Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!