Санаи 5 октябри соли равон ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Панҷакент бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ баргузор гардид.
Бинои мазкур дар муддати нуҳ моҳ дар майдони 800 м2 сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он аз се ошёна, 8 ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, ки минбаъд ҳамчун маркази бозомӯзӣ фаъолият мебарад ва меҳмонхона дар ошёнаи сеюм иборат мебошад.
Бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита барои маркази бозомӯзии бахш компютер бо тамоми таҷҳизотҳояш тӯҳфа гардид.
Добавить комментарий