Бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Дӯсматов А. ва устоди коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт ва тараққиёти кишвар таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқи тоҷик як умр боқӣ хоҳад монд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд
Добавить комментарий