06 Июнь 2024

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо,  намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ, кормандони мақомот, собиқадорони соҳа, табиатистифодабарандагон - намояндагони корхонаҳои саноатӣ баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исуфов Умаралӣ ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуданд, ки  ин рўз барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида шуда, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиёда аз 130 давлат ботантана қайд  карда мешавад.

Читать далее

Баргузории чорабиниҳои экологӣ бо ҷавонони Ҷумҳурии Ўзбекистон

 Дар доираи Ҳамкории ташкилоти Шанхай соли 2024 ҳамчун «Соли экология» эълон гардида, сифати муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон ба дараҷаи ҳамкории стратегӣ баромадааст. Ба ин муносибат Маркази маънавиёт ва маърифати Ўзбекони вилояти Суғд якҷоя бо Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани аксияи экологии «Сирдарё – дарёи дӯстӣ»-ро ба нақша гирифтааст. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Ўзбекистон роҳбар ва 2 нафар сармутахассисони Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, 3 нафар устодони донишгоҳҳо ва 25 нафар донишҷӯён ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дар давоми як рӯз мутобиқи барномае, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд омода гардид дар чорабиниҳо иштирок намуданд. Тибқи барнома суханронии ректор ва олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маркази маънавиёт ва маърифати Ўзбекони вилояти Суғд, роҳбари Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон дар толори факултети таърихи донишгоҳи мазкур шунида шуда, инчунин баромадҳои, аз он ҷумла бадеии ҷавонони Ўзбекистон пешкаши донишҷӯён ва устодони донишгоҳ гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.