Баргузории чорабиниҳои экологӣ бо ҷавонони Ҷумҳурии Ўзбекистон

 Дар доираи Ҳамкории ташкилоти Шанхай соли 2024 ҳамчун «Соли экология» эълон гардида, сифати муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон ба дараҷаи ҳамкории стратегӣ баромадааст. Ба ин муносибат Маркази маънавиёт ва маърифати Ўзбекони вилояти Суғд якҷоя бо Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани аксияи экологии «Сирдарё – дарёи дӯстӣ»-ро ба нақша гирифтааст. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Ўзбекистон роҳбар ва 2 нафар сармутахассисони Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон, 3 нафар устодони донишгоҳҳо ва 25 нафар донишҷӯён ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дар давоми як рӯз мутобиқи барномае, ки аз тарафи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд омода гардид дар чорабиниҳо иштирок намуданд. Тибқи барнома суханронии ректор ва олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, раиси Ташкилоти ҷамъиятии Маркази маънавиёт ва маърифати Ўзбекони вилояти Суғд, роҳбари Маркази дипломатияи халқии Ҳамкории ташкилоти Шанхайи Ўзбекистон дар толори факултети таърихи донишгоҳи мазкур шунида шуда, инчунин баромадҳои, аз он ҷумла бадеии ҷавонони Ўзбекистон пешкаши донишҷӯён ва устодони донишгоҳ гардид.

 Ҳамроҳи меҳмонон роҳбарият ва кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар баргузории аксияи экологии «Сирдарё – дарёи дӯстӣ» иштирок карда, соҳили дарё дар минтақаи «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд аз партовҳо тоза гардид. Пеш аз бозгашт ҳайати гурӯҳи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ўзбекистон аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.