17 Январь 2025
Мизи мудаввар оид ба раванди фаъолияти «Нозирони сабз» дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Қонунгузорӣ
Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мизи мудаввар барпо гардид. Мизи мудавари мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабинҳоитатбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади шинос намудани намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада бо фаъолияти «Нозирони сабз», инчунин бо нақшаҳои минбаъдаи корӣ барои соли 2025 гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки чорабинӣ дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ташкил гардида, ба иштирокдорон дар бораи рафти татбиқи Барномаи давлатӣ дар солҳои 2021 - 2024 ва нақшаҳо барои соли ҷамъбастии 2025, презентатсияҳо доир ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, фаъолияти «Нозирони сабз» дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои онҳо барои соли 2025 – 2026, дар бораи эълони озмуни «Омӯзгори беҳтарини «Нозирони сабз» байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии бо раванди «Нозирони сабз» фаъолиятдошта ва Низомномаи озмун, моҳияти дарсҳои иловагӣ барои аъзоёни «Нозирони сабз» ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ маълумот пешниҳод гардид.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва қарори раиси вилояти Суғд дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардидааст. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар доираи чунин маърака дар ҷамоатҳои шаҳраки Навкат, ҷамоати деҳоти Сарбанд, Куруш ваТағояк воқеъ дар қади шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ зиёда аз 350 бех навниҳолони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар ноҳияи Спитамен соли 2025 шинонидани 24 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ, мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, собиқадорон, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, аз он ҷумла 100 бех сановбар ва 100 бех арчаи шарқӣ шинониданд. Соли равон тибқи нақша дар ноҳия шинонидани 40 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар назар аст.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист бо ҷалби 3 адад техника партови бесоҳиб бартараф карда шуда, беш аз 214 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгиронида шуд.Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.
Саҳми омӯзгорони Мастчоҳ дар сабзсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамовозӣ ба ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, имрӯз, 15 январ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолона иштирок карданд. Дар доираи ин иқдоми кабудизоркунӣ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати шоҳроҳ шинонида шуд. Маърака бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарону кормандони шӯъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ зимни иштирок дар маъракаи кабудизоркунӣ гуфт: "Ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои ватандӯстона мебошад. Омӯзгорони мо бо шинондани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар кабудизоркунӣ мегузоранд, балки барои наслҳои оянда намунаи ибрат мешаванд." Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.