Все статьи
20 Май 2019
22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.
Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад.
17 Май 2019
Вохӯрӣ дар мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 14.05.2019 дар толори МТД мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вохўрӣ бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷумла директорони мактабҳо ва омўзгорони фанни биология, экология, роҳбарият ва омўзгорони мактаби Президентӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот аз ҷониби иштирокдорон баромад доир ба зарурияти тарбия ва маърифати экологии кӯдакону ҷавонон, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ифлос гардидани ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо ва чораҷўӣ барои ҷойгиронии ғайрирасмӣ, дар бораи Рўзи байналмилалии муҳити зист ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ шунида шуд.
Имсол Чин маркази таҷлили Рўзи умумичаҳонии муҳити зист таъйин гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зистро Ассамблеяи Генералии СММ соли 1972 таъсис додааст ва аз ҳамон вақт инҷониб ҳар сол аз ҷониби мардуми ҷаҳон 5 июн дар аксар кишварҳои дунё қайд карда мешавад. Барои таҷлили глобалии ин санаи муҳими экологӣ, одатан ҳар сол, яке аз кишварҳои дунё интихоб гардида, шиори ид пешниҳод карда мешавад. Имсол низ, санаи 15.03.2019 дар шаҳри Найроби вазири муҳити зист, ҳамчун роҳбари ҳайати Чин бо и.в. директори иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид якҷоя эълон намуданд, ки рӯзи ҷашни 5-уми июни соли 2019 дар Чин бо шиори «Ифлосшавии ҳаво» баргузор мегардад.
Ҳар сол қариб 7 миллион нафар аҳолї аз сабаби ифлосшавии ҳаво дар ҷаҳон ба ҳалокат мерасанд, ки аз он 4 миллион ба минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором рост меояд. Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зисти соли 2019 ҳукумату саноат, ҷомеа ва шаҳрвандонро бароиомузиши имконияти энергияи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз» бо мақсади беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷаҳон даъват ба амал меорад. Ҳукумати Чин омода аст, ки ташкил ва гузаронидани чорабиниҳоро бахшида ба Рузи умумиҷаҳонии муҳити зист дар як қатор шаҳрҳои кишвараш доир намояд.
15 Май 2019
15 май Рӯзи байналмилалии иқлим ЧАРО ИҚЛИМ ТАҒЙИР МЕЁБАД?
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳамасола на танҳо дӯстдорони табиат, балки нафароне ки дар бораи фардои хеш фикр мекунанд, санаи 15 майро ҳамчун рӯзи байналмилалии иқлим таҷлил менамоянд. Ҳадаф аз ин тадбир ҳифзи иқлим ҳамчун захираи муҳими таъсирбахшанда ба некӯаҳволии насли имрузу фардо ба ҳисоб меравад.
«Иқлим» гуфташароити миёнаи обу ҳаворо гўянд, ки муддати тўлонӣ (одатан 30 сол) мушоҳида мешавад. Ба чунин шароити обу ҳаво ҳарорат, қувва ва самти шамол, инчунин намуд ва ҳаҷми боришот, миқдори рўзҳои офтобӣ ва дигар мушаххасоте, ки дар ягон ҷои муайян онҳоро чен кардан мумкин аст, дохил мешаванд. Иқлими сайёраи мо–Замин доимӣ набуд; вай якчанд маротиба зери таъсири як қатор омилҳои табиӣ тағйир ёфтааст.
Истилоҳи «тағйирёбии иқлим», одатан, тағйирёбиҳоеро ифода мекунад, ки аз аввали солҳои 1900 мушоҳида мешуданд. Чунин тағйирёбиҳои иқлими глобалӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сабабҳои ҳам табиӣ ва ҳам антропогенӣ ба вуҷуд омадаанд:
11 Май 2019
Баланд бардоштани дониши касбӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон семинари бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баҳри таъмини иҷрои банди 8-и қарори №5 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5.04.2019 ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи майи соли ҷорӣ гузаронида шуд. Тибқи барнома аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи раёсат дар мавзўҳои «Таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳангоми пешниҳоди мавод ба суди иқтисодӣ, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи захираҳои об ва ҳавои атмосфера», «Дуруст ба роҳ мондани гирифтани намунаи об ва хок барои пешниҳод ба шуъбаи назорати таҳлилӣ», «Пешниҳоди ҳисоботи дуруст оид ба рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ» ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти нозири давлатии мақомот баромад карда шуд.
Маҷлиси машваратии назди сардори раёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 10.05.2019, дар маркази бозомўзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон маҷлиси машваратии назди сардор бо иштироки муовин, сардорони шуъба ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Мувофиқи нақша дар маҷлис баррасии 3 масъала пешбинӣ гардида, дида баромада шуд: 1) оид ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия; 2) натиҷабардорӣ аз фаъолияти раёсат дар чор моҳ ва вазифаҳо то ҷамъбасти фаъолият дар 6 моҳи аввали соли равон; 3) омодагӣ ба 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва масъалаҳои ҷорӣ.
Нисбати масъалаи якум ҳуқуқшиноси раёсат сухан намуда қайд кард, ки пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия яке аз масъалаи асосӣ буда, бояд дар мадди аввали фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор гирад. Кормандони раёсат ва зерсохторҳо мансуб ба хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва ин мақом вазифадор менамояд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қатъиян риоя ва иҷро карда шавад.
04 Май 2019
Конференсияи илмӣ-амалӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳамасола санаи 15–уми апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ «ДДХ ба номи Б.Ғафуров» дар моҳи апрели соли равон бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ гузаронидани конференсияро пешбинӣ карда буд.
Санаи 29.04.2019 дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтар намудани маърифати экологии аҳолӣ» баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021«Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», таъмини иҷрои талаботи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»баргузор гардид.
Аксияи «Тозагии маҳал»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.01.2019, №07 дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» мунтазам корбарӣ намуда истодааст. Мувофиқи ҷадвали баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳудуди ҳар як шаҳру навоҳии вилоят дар як моҳ ду маротибагӣ чунин аксия гузаронида шуда, корҳои кабудизоркунию ободонӣ, таъмири биною иншоотҳо, тоза намудани гирду атрофи идораҳо, иншоотҳои иҷтимоию кўчаю хиёбонҳо, обод намудани гулгашт ва боғҳои истироҳатию фароғатӣ, кашонидани партовҳо аз кўчаҳои ҷамоат ва тоза намудани ҳудудҳои манбаъҳои обӣ, насби шиору овезаҳо ба иҷро расонида мешаванд.
Давраи тухмгузории моҳӣ дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20.03.2019, №21 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2019» аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва дигар дарёҳо, обанборҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ манъ карда шуд. Барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо ситод дар ҳайати 16 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ташкил ва корбарӣ намуда истодааст.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои моҳии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзаи Сирдарё аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист 52 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, 35 санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 7 адад мавод тартиб ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура супорида шуд. Дар натиҷа нисбати 4 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 1 нафар сокини ноҳияи Б.Ғафуров парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
02 Май 2019
Амалиёти “Ҳавои тоза”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат бо ҳамроҳии шуъбаи таҳлилии Раёсат ва намояндагони идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 70 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.


