Все статьи
08 Сентябрь 2023
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ф
арорасии ҷашни бузурги миллат 32-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари биҳиштосоямонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, бароятон ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!
Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндаи ректорати Донишгоҳ, декан ва устодони факулта, донишҷӯён ва намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист тибқи даъват иштирок доштанд. Тибқи барномаи конференсия аз тарафи иштирокчиён дар мавзуъҳои «Давраҳои такомул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва дар васфи Истиқлоли давлатӣ баромадҳо пешниҳод гардиданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба садорати факултети геоэкология ва туризм, кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, кафедраи географияи табиии факултет, дар маҷмўъ 4 адад Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
07 Сентябрь 2023
Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмир ба истифода дода шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандон, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ дар арафаи 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумиҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба истифода дода шуд. Бино бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуда, аз ду ошёна ва 7 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Майдони умумии ҷудо гардида 6 га буда, ошёнаи якум аз 2 утоқи корӣ ва толори калон, ошёнаи дуюм аз қабулгоҳ ва 5 утоқҳои корӣ барои кормандон иборат буда, ҳамаи онҳо аз тарафи Кумита ва соҳибкорони маҳаллӣ бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст.
01 Сентябрь 2023
Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки и.в. Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод Рўзи Дониш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Пас аз суханони ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли омўзгорону хонандагон қироат намуд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш таҳният намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Рафти чорабинӣ омӯзгорон ва муҳасиллини муассиса бо эҳсоси ифтихору ватандўстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бахшида ба Рӯзи дониш сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар собиқадори соҳаи маориф Саъдиев Нарзуллоро аёдат намуданд.
30 Август 2023
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар асоси нақшаи чорабиниҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия 5860 нафар намояндагони сохторҳои мақомот иштирок намуда, каналу чӯйборҳо ба масофаи 1,8 км тоза, биноҳо 4850 м2 ва 5420 адад дарахтон сафед карда шуданд.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
С
ари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.Бочуниниқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ниҷонии даромадгоҳи партовгоҳи шаҳри Истаравшан партовҳои бесоҳиб ба миқдори 8 м3 бо истифода аз техника бартараф карда шуд.
Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
аҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бењдошти вазъи санитарию экологї, пешгирии таъсири зарарноки партовњо ба саломатии инсон ва муњити зист аз тарафи КДФ «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда, 2 га бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш гардид.
Аксияи “Тозагии маҳал ва шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” дар миқёси вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Т
ибқи нақша чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ , ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист дар миқёси вилоят дар давоми моҳи август аксияҳои “Тозагии маҳал, шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Аксия бо иқдоми зерсохторҳои Сарраёсат дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки беш аз 46 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо новобаста аз тобеъият ва шакли моликият доир гардид. Ҷараёни аксия қадди роҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарё ва манбаҳои обӣ аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 421,6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу ҷойгиронида шуданд. Рафти аксияҳо тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ба навор гирифта шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҷ
иҳати омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Спитамен аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Зиёда аз 80 нафар намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар аксия иштирок намуда, дар натиҷа кўчаҳои маркази ноҳия ва 2 км ҷўйборҳои қадди роҳ аз партовҳои гуногун тоза гардид ва 4 м3 партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о иқдоми шуьбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи "Тозагии маҳал" дар назди варзишгоҳи ба номи "20 солагии Истиқлолият" бо иштироки кормандони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд, КД "Истифодабарии манзил"-и соҳили рости ш.Хуҷанд ва соҳибкорон зиёда 100 нафар гузаронида шуд. Ба истиқболи ҷашни 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузории аксия дар дигар минтақаҳои шаҳр низ доир гардида истодааст.


