Все статьи
03 Январь 2017
Вохӯрӣ бо намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии кормандон бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Негматова бо мақсади омӯзиши матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи ҳизб оид ба самтҳои асосии Паёми имсола, дар бораи дастовардҳои соли сипаришуда, ки дар сафҳаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо воқеаҳои фараҳбахш - таҷлили сазовори ҷашнҳои умумимиллӣ, бунёди иншоотҳои азим, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз мавқеи сазоворашро ишғол намуд, сухан кард. Ҳамзамон дар Паём дурнамо барои солҳои оянда, қабул ва эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти «Об барои рушди устувор» ва соли 2017 - Соли Ҷавонон, ки моро ба фаъолнокӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват менамояд, махсусан қайд гардид.
Ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Дар моҳи декабри соли равон дар шаҳри Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд аксияи ниҳолшинонӣ ҳамчун қисми таҷрибавии машғулиятхо доир ба «Баланд бардоштани маълумотнокии кормандони муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ» доир гардид. Ин тадбир аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» якҷоя бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳамшарикӣ ва дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Санаи 14 декабр дар маъракаи ниҳолшинонии шаҳри Истиқлол дар кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ , ҳудуди МТМУ №5 ва №4, беш аз 125 нафар, аз он ҷумла омӯзгорону хонандагон кормандони КВД "ХМК" ва худи сокинон фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа, ҳангоми баргузории аксия 1000 бех сафедор, 100 бех санавбар ва 150 бех қайрағоч шинонида шуд.
Вохӯрӣ бо намояндаи прокуратура
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 26 декабри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон вохӯрӣ бо прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Маҳмадов Н. бо кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баромади худ намояндаи прокуратура қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз низ ташаббуси навбатии муҳими Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» эълон гардид.
23 Декабрь 2016
Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Чанде қабл нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати давлатӣ буда, барои кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Захираҳои биологии Тоҷикистон бой ва рангинанд. Тибқи маълумотҳои илмӣ фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдорро дарбар мегиранд. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи боигариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захирахои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилоти ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад. Китоби сурх ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагии инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Ба нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали «Китоби сурх»-и Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуд растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тахдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.
Мақсади асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзу таҷдиди захираҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии кишвар нақши муҳим мебозад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят тамошои дастҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии қонунгузории кишвар ва мардуми ҷумҳурӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ташкил карда шуд ва он аз ҷониби кормандони Раёсат хуб пазироӣ гардид. Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ ыарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз ташаббуси навбатии муҳим қабул гардид ва аз ҷониби СММ Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" эълон гардид.
12 Декабрь 2016
Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногуни биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла бахши шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои парваришгоҳи Зарафшон ва Колхозчӣ корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур ба миқдори 300 кг гандум, 450 кг ҷав, 950 кг сабӯс, 536 кг оқшоқ, 1000 банд юнучка, 52 баста каҳ паҳн карда шуд. Рафти амалиёти мазкур тариқи телевизион, радио ва рӯзномаи маҳаллӣ инъикоси худро ёфт.
Гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ» аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати сард омадани ҳаво дар назар аст.
01 Декабрь 2016
Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 25 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарасти соҳа – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа як масъала - оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст, баррасӣ карда шуд.
25 Ноябрь 2016
Маҷлис бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 24 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки кормандони Раёсат доир гардид. Дар баромади худ муовини сардор ва сармутахассиси Раёсат дар бораи дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ эълон шудани нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат ҳамчун рамзҳои асосии Тоҷикистон қайд намуданд. Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Бо эълон доштани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари зиёда аз 100 давлати кишварҳои дунё дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид Парчами Ватани мо партавафшон гардид, ки давлати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар рафти маҷлис кормандон нисбати ҷашни мазкур ибрози ақида намуданд.
15 Ноябрь 2016
Вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Президент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки Абдураҳим Азимов, дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.к. ва кормандони Раёсат доир гардид.
Азимов А. дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва эъмори давлати соҳибистиқлол” баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ваҳдатофар шинохта шудааст. Ҳамчунин, мавсуф дар бораи аҳамияти Рӯзи Президент ҳарф зада, таъкид намуд, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда донистан ва қадр кардани хизматҳои содиқонаи Президенти мамлакат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зарур аст, зеро Роҳбари хирадманди мо тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ бароварда, миллатро аз нобудшавӣ наҷот бахшад.
Ба сўзиши хазон роҳ надиҳед
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
“Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кўчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст”
Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад.
Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурўҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рўзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.


