Все статьи
17 Январь 2025
Саҳми омӯзгорони Мастчоҳ дар сабзсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамовозӣ ба ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, имрӯз, 15 январ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолона иштирок карданд. Дар доираи ин иқдоми кабудизоркунӣ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати шоҳроҳ шинонида шуд. Маърака бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарону кормандони шӯъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ зимни иштирок дар маъракаи кабудизоркунӣ гуфт: "Ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои ватандӯстона мебошад. Омӯзгорони мо бо шинондани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар кабудизоркунӣ мегузоранд, балки барои наслҳои оянда намунаи ибрат мешаванд." Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
10 Январь 2025
Таъсиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт. Ин иқдом дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва эълон гардидани «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳандозӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода А.И. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Т.Султонӣ иштирок намуда, ифтитоҳи Маркази мазкурро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсироти тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд унвон намуданд.
04 Январь 2025
Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Салимзода, сардори Сарраёсат Суҳроб Холзода ,сардорони шуъбаҳои назоратӣ, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Суғд, назорати ҳолати сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳҳо ва дигар минтақаҳо, ташкил намудани ниҳолхонаҳо дар вилоят, назорати иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва гузаронидани комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дастуру супоришҳо дод.
Тамошои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» муташаккилона роҳандозӣ гардид. Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист Паёми имсоларо, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифт, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Паёми Пешвои миллат дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбати тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он барои таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.
31 Декабрь 2024
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба муносибати Соли нави милодии 2025
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ф
арорасии соли нави 2025-ро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро мегузорем ва бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд. Ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ ҳамаи ҳамкасбон, собиқадорон ва дӯстдорони табиатро сидқан шодбош гуфта, ба ҳар яки шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Бигузор соли нави милодӣ барои ҳар як хонадони халқи тоҷик соли сулҳу оромӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои навин оварад. Соли нави милодӣ муборак!
26 Декабрь 2024
Чорабинии ҷамъбастӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади таҳкими ҳамкорӣ байни Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, дар толори донишкадаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд,устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, олимону устодон ва донишљӯёни аъзои «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок намуданд. Баъд аз суханҳои ифтитоҳии ноибректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.г-м., профессор Насриддинов З.З., тариқи онлайн директори КВД «Табиат»-и дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов А. ва сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М., оид ба се мавзӯъи асосии мизи мудаввар презентатсия ва маълумоти муфассал ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.
24 Декабрь 2024
Академияи зимистонаи «Ҳаво» дар шаҳри Гулистон баргузор гардид
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Академияи зимистонаи «Ҳаво»» баргузор гардид. Академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» WinterAcademy ин лагери омӯзишии 5-руза буда, ба мавзӯи мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он нигаронида шуд. Иштирокчиёни академия 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони ВАО, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол мебошанд, ки дар асоси озмун интхоб карда шудаанд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.
Дуғдоғ - парандаи соли 2025
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳ
амасола Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Ба озмун даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардиданд. Аз байни даҳ номгӯй дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шуд. Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошта ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту «Бешаи палангон», Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.
Озмуни экологии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» байни кӯдакистонҳо
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр дар кӯдакистони «Шукуфаи Истиқлол» озмуни шаҳрии «Тоҷикистон-диёри ҳамешасабз» баргузор гардид. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Мақоми аввалро дар ин озмун дастпарварони кӯдакистонҳои №23, 25 ва 40 ба даст оварданд. Зинаи дуюмро муассисаҳои таҳсилоти томактабии №15, 32 ва 35 ва ҷойи сеюмро МТТ №1, 18, 20, 33, 37 ишғол намуданд. Ба ғолибони озмун ва фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф супорида шуд. Бояд қайд намуд, ки озмун соли сеюм бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида мешавад.
12 Декабрь 2024
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист, татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии кабудизоркуниии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз 29.06.2024 сол, № 374 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1.11.2024 сол, № 296 бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Холзода С.Х., шахсони масъул ва аҳли ҷамоатчигӣ дар минтақаи Дараи сабз (ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист) маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ниҳолхона 4 бех арчаи ҳамешасабз санавбари крими (крымская сосна), шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ҳамагӣ 610 бех арчаи ҳамешасабзи сановбар шинонида шуд.


